Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари рабудашудаи раиси Додгоҳи Олии Синд озод карда шуд


Саҷҷод Алӣ Шоҳ бо писараш Увайс баъди раҳоии ӯ аз дасти одамрабоён
Саҷҷод Алӣ Шоҳ бо писараш Увайс баъди раҳоии ӯ аз дасти одамрабоён

Низомиён ва нерӯҳои амниятии Покистон дар як амалиёти вижа дар як минтақаи қабиланишини шимолу ғарби кишвар Увайс Алӣ Шоҳ, писари раиси Додгоҳи олии вилояти Синд Саҷҷод Алӣ Шоҳро аз дасти одамрабоён раҳо карданд. Дар ин бора артиши Покистон рӯзи 19 июл хабар дод.

Полиси шаҳри бандарии Карочии Покистон 21 июн хабар дод, ки афроди ниқобпӯш писари калонии як мансабдори аршади додгоҳи вилоятро рабуданд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, Увайс Алӣ Шоҳ, ки худ вакили мудофеъ аст, бо одамрабоён даст ба гиребон шуд, аммо онҳо ӯро ба мошини сафед андохта аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Ба гуфтаи сухангӯи артиши Покистон Азим Баҷва, одамрабоён Увайс Алӣ Шоҳро ба шаҳри Дараи Исмоил Хон интиқол дода буданд. Дар амалиёти вижа се тан аз одамрабоён кушта шуданд, афзуд ӯ. Азим Баҷва гуфт, ки писари додраси аршад аз сӯи як гурӯҳи ҷудошуда аз толибон рабуда шуда буд ва аммо аз додани тафсилоти бештар худдорӣ намуд. Телевизиони Покистон навори ба манзилаш ба Қарочӣ омадани Увайс Алӣ Шоҳро пахш кард.

Одамрабоӣ аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ситезаҷӯён дар Покистон як амри маълумӣ шудааст.

Қарочӣ, ки дар он беш аз 20 миллион нафар ба сар мебаранд, солҳо боз дар банди хушунатҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабист.

XS
SM
MD
LG