Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 10 мақоми қудратӣ барои ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим


Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 18 июл гуфт, ки барои даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ва Ваҳдат даҳ мақоми қудратӣ, аз ҷумла як мақоми баландпоя ба зиндон маҳкум шудаанд. Вай ному насаби ин афродро ошкор накард, вале гуфт, ки ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ, "ҳосили" бетаваҷҷуҳии мақомот буд. "Баррасии парвандаҳои марбут ба ин ошӯб ба охири худ наздик шудаанд," -афзуд Шоҳиён.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзоёни ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар пайи ин ҳодиса наздик ба 200 нафар боздошт шуд ва ҳоло ҳукми аксари онҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст. Мурофиаҳои додгоҳии ин афрод пушти дарҳои пӯшида баргузор шуда ва ҳатто расонаҳои давлатӣ аз содир шудани ҳукми онҳо хабаре пахш накардаанд.

XS
SM
MD
LG