Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи пардохти пули нафақа ба 12 ҳазор “маъюб”


Пардохти нафақа ба тақрибан 12 ҳазор сокини кишвар пурра қатъ шудааст, ки қаблан худро ҳамчун маъюб сабтином карда будаанд. Назокат Одиназода, муовини раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, рӯзи 18 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи ташхис маъюбии ин афрод тасдиқ нашудааст. “Дар асл, дар шаш моҳи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 16 ҳазор маъюбро санҷиш кард ва хулоса дод, ки гуруҳи маъюбии ҳеч кадом аз онҳо тасдиқ нашудааст. Фақат чоруним ҳазори онҳо ба далели ба синни нафақа расидан бо пули бознишастагӣ таъмин шуданд,” – афзуд ӯ. Одиназода гуфт, дар ҳоли ҳозир баррасии маъюбии боз панҷ ҳазор нафари дигар ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG