Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши табадуллот садди роҳи сафари Мессӣ ба Туркия шуд


Леонел Мессӣ
Леонел Мессӣ

Бозингари маъруфи дастаи "Барселона" Лионел Мессӣ сафараш ба Туркия барои ширкат дар як бозии футболи хайрияро лағв кард. Дар ин бора нашрияи Mirror хабар додааст.

Қарор буд, ки Мессӣ рӯзи шанбе вориди минтақаи Анталияи Туркия шавад ва дар бозии хайрияи ташкилкардаи бозингари собиқи дастаи “Барселона” Самюэл Это'О ширкат намояд.

Хабари лағви сафари Мессӣ ба Туркияро дафтари матбуоти "Барселона" тасдиқ кард ва гуфт, ки бозингари дигари дастаи Андрес Иниеста ҳам дар ин бозии хайрия ширкат назоҳад кард, вале ниммуҳофизатгар Ардо Турон ва бозингарони пешини «Барселона» Карлес Пуйол, Деку ва Эрик Абидал аллакай ба Туркия парвоз кардаанд.

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи 16 июл эълон кард, ки дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳе аз низомиён, 161 нафар ба ҳалокат расида ва 1440 тани дигар захмӣ шудаанд. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тапйид Эрдуғон баъд аз зуҳри рӯзи 16 июл эълом дошт, ки талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳи низомиёни кишвар ноком шуд ва саркардаҳои табаддулотро муҷозоти сангин интизор аст.

XS
SM
MD
LG