Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп эълони номзади худро ба таъхир меандозад.


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп-миллиардери амрикоӣ гуфт, ки ба сабаби ҳамлаи террористӣ дар Фаронса мумкин аст, эълони номзад ба мақоми муовини раёсати ҷумҳуриро ба таъхир андозад.

Пештар вай гуфта буд, ки ба раҳбарияти ҳизби худ, яъне ба Ҳизби Ҷумҳурихоҳ хабар додааст, ки Майкл Пенс-волии аёлати Индианаро номзади муовини раиси ҷумҳур хоҳад гирифт. Дар ин бора рӯзномаи “Нию Йорк таймс” хабар додааст.

Бино ба хабари ин рӯзнома, мушовирони Трамп ба мақомоти расмии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки барои эълони расмӣ дар бораи номзадии Пенс омодагӣ мегиранд.

Пенс дар солҳои 2001-2013 узви Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико буд ва барои номзадиву барои раҳбарияти ҳизб соҳиби эътибор аст.

Дар райгириҳои аввалияи ҳизбӣ Трамп орои кофиро барои номзадӣ аз ҳизби худ ба даст овард, то дар анҷумани ҳизбӣ номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешбарӣ шавад. Ин анҷуман 18-21 июл дар Кливленд баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG