Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз нашри рӯйхати "террористҳо" дар Русия


Микола Семена
Микола Семена

САҲА аз тасмими мақомоти Русия ҷиҳати нашри, ба гуфтаи онҳо, “рӯйхати террористҳо ва ифротиён”, ки исми журналистону фаъолонро ҳам дар бар мегирад, изҳори нигаронӣ кард. Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфт, “нашри ин рӯйхат метавонад журналистонро дар хатар гузошта, амнияти онҳоро зери таҳдид бигузорад.” Ӯ таъмини амнияти журналистонро масъулияти ҳукумат номид ва гуфт, давлати Русия набояд бар асоси гумонҳои додситонӣ ва тибқи қонуни нави зидди ифротгароӣ чунин амал кунад. Мақомоти Маскав 22 нафареро, ки дар вилояти Қрими Украина таваллуд шудаанд, ҳамчун “террористҳо ва ифротиҳо” рӯйхат кардааст. Ин рӯйхат рӯзи 12 июл дар сомонаи “Росфинмониторинг” нашр шуд ва журналистон, фаъолон ва маҳбусони сиёсиеро, ки тасарруфи Қрим аз сӯи Русияро танқид мекарданд, дар бар мегирад. Яке аз онҳо Микола Семена барои сомонаи хабарие кор мекард, ки аз сӯи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ чархонда мешавад.

XS
SM
MD
LG