Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Азимҷон Аскаров бозбинӣ мешавад


Хонаи Азимҷон Бекназаров
Хонаи Азимҷон Бекназаров

Додгоҳи Олии Қирғизистон бозбинии парвандаи Азимҷон Аскаров-фаъоли узбактабори ҳуқуқи башарро оғоз кард. Вай барои барангехтани низоъи миллӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Мурофиа субҳи 11 июл таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар толори додгоҳ ва дар ҳузури садҳо нафар рӯзноманигорону намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ оғоз шудааст.

Баъд аз дархостҳои маҳофили байналмиллалӣ дар бораи раҳоии Аскаров моҳи гузашта додгоҳи Олӣ гуфт, ки ҳукми моҳи декабри худро дар мавриди Аскаров бозбинӣ мекунад, зеро “дар ин парванда масъалаҳои нав пеш омадааст”.

Аскаров шаҳрванди узбактабори Қирғизистон аст ва барои даст доштан дар даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дар соли 2010 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Дар даргириҳои қавмии соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон 450 нафар кушта шуда буданд, ки аксарашон узбакҳо буданд.Аскаров ҳамчунин барои даст доштан дар куштори як корманди пулис муттаҳам шуда буд.

СММ аз Қирғизистон хостааст, ки Аскаровро раҳо кунанд, зеро парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад. Амнести Интернешенал ё Созмони Афви Байналмиллал вайро зиндонии виҷдон номид.

XS
SM
MD
LG