Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Ба барномаи мушакӣ идома хоҳем дод


Озмоиши яке аз мушакҳои раҳбурдии Эрон
Озмоиши яке аз мушакҳои раҳбурдии Эрон

Эрон гуфт, ба барномаҳои мушакҳои раҳбурдиаш идома хоҳад дод. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Баҳром Қосимӣ рӯзи 9 июл дар сомонаи ин вазорат гуфт, “Эрон барномаи мушакиашро, ки бар муҳосибаҳои дифоӣ ва амнияти миллиаш асос ёфтааст, қотеона идома хоҳад дод.” Ӯ гуфт, барномаи мушакӣ рабте ба муомилаи ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ надорад ва қатъномаи СММ-ро поймол намекунад. Ин изҳорот дар пайи даъвати дабири кулли СММ Бан Ки Мун аст, ки аз Эрон хост, то озмоишҳои мушакиашро қатъ кунад. Бан Ки Мун дар нахустин гузоришаш ба Шӯрои Амният дар бораи раванди иҷрои муомилаи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ кард, ки ин озмоишҳо бар хилофи табиати тавофуқ бар сари барномаҳои ҳастаии Эронанд. Амрикову муттаҳидонаш озмоишҳои мушакии Эронро нақзи тавофуқи як соли пеш меноманд, вале Русияву Чин мухолифи муҷозоти Эрон барои ин озмоишҳоянд.

XS
SM
MD
LG