Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармиши Путин ба сӯи НАТО


Finland -- Russian President Vladimir Putin attends a joint press conference with Finland's President at the presidential summer residence Kultaranta in Naantali, July 1, 2016
Finland -- Russian President Vladimir Putin attends a joint press conference with Finland's President at the presidential summer residence Kultaranta in Naantali, July 1, 2016

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар раъси ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш имкони иқдомот барои “бунёди эътимод” дар минтақаи баҳри Балтик ва ҷузъиёти марбут ба нишасти сарони паймони НАТО дар поёни ҳафтаи равонро баррасӣ кардааст. Давлатҳои Ғарб низомиҳои Русияро айбдор мекунанд, ки тайи ду соли охир дар ҳарими баҳри Балтик даст ба иқдомҳои хатарнок зада, бо манёврҳои ҳавоии ба таври афзоянда густохонаашон ба парвози ҳавопаймоҳои тиҷорӣ ва ҳавопаймоҳои НАТО мушкил эҷод мекунанд. Песков гуфт, аъзои Шӯрои Амният масоили марбут ба эҷоди эътимод дар баҳри Балтикро, ки дар пайи мулоқоти Путин бо раисиҷумҳури Финландия Саули Ниинисто бархост, баҳс кардаанд. Танишҳо дар Аврупои шарқиву марказӣ дар пайи тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар соли 2014 ва кумакҳои Русия ба ҷудоиталабон дар Украинаи шарқӣ афзоиш ёфт. Ҳам НАТО ва ҳам Русия дар пайи ин танишҳо аз афзоиши нирӯҳои худ дар минтақа хабар доданд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг тасдиқ кард, ки рӯзи 13 июл, баъди нишасти рӯзҳои 8-9 июли ин паймон бо Русия музокироти расмӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG