Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манзили Сурайё Қосимоваро ба чиниҳо ба иҷора додаанд


Акси Сурайё Қосимова

Акси Сурайё Қосимова

Сурайё Қосимова, овозхони шинохтаи тоҷик, манзилаш дар шаҳри Кӯлобро ба кормандони як ширкати роҳсози чинӣ ба иҷора додааст. Садбарг Қосимова, хоҳарбузурги Сурайё Қосимова, 4 июл ба Озодӣ гуфт, дар ин хона тақрибан ду сол боз касе зиндагӣ намекард ва аз ин рӯ ба иҷора дода шудааст.

Аммо ӯ сарусадо дар бораи фурӯхта шудани ин хона ва пурра аз Кӯлоб кӯчида рафтани Сурайё Қосимоваро рад кард. Ӯ гуфт, "Сурайё ҳеч гоҳ Кӯлобро тарк накардааст. Ҳоло ӯ ҳамроҳи духтаронаш зиндагӣ дорад. Чи хеле медонед, чанд рӯз пеш ӯро дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ карда, ба ватан оварданд. Фақат хона холӣ буд ва онро ба иҷора доданд."

Ин хонаи Сурайё Қосимова шаби 24 ба 25 июли соли 2014 мавриди дуздӣ қарор гирифта ва баъдан оташ зада шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, аз дохили ҷевони оҳанӣ ҷавоҳироти тилло ва нуқрагин, як планшети тамғаи "Самсунг", ҷамъ ба маблағи 24 000 доллар дуздида шудааст. Баъан ба гумони дуздӣ ва оташ задани хонаи Сурайё Қосимова чор нафар - духтари бародар ва се ҳамсояаш - датсгир шуданд.

Сурайё Қосимова аз овозхонҳои маъруфи тоҷик аст, ки соли 1957 дар Кӯлоб ба дунё омадааст. Худи ӯ мегӯяд, ки бо тақлид ба ҳунарнамоии хоҳари бузургаш Садбарг аввалин бор дар 13-солагӣ по ба саҳнаи ҳунар гузошт ва дигар баъди ин тамоми умрашро ба овозхонӣ бахшид. Дар баробари иҷрои оҳангҳои мардумӣ, аз ҷумла дар жанри фалак, бо шоиру оҳангсозони касбӣ ҳам ҳамкорӣ кардааст. Аз овозхонҳои раддаи аввали саҳнаи ҳунари тоҷик буда, таронаҳояш дар ҳама манотиқи Тоҷикистон хуш истиқбол мешаванд.

XS
SM
MD
LG