Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як заминларза дар марз бо Тоҷикистон


Акс аз сомонаи http://earthquaketrack.com

Акс аз сомонаи http://earthquaketrack.com

Рӯзи 28 июн, соати 15.07 боз як заминларзаи шадид ҷануби Қирғизистонро ларзонд. Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи зилзиланигории Қирғизистон, иқтидори ин офати табиӣ дар вилояти Ӯш, тибқи ҷадвали Рихтер, 5 баллро ташкил додааст. Манбаи заминларза дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистону Чин дар кӯҳистони Золой воқеъ будааст. Рӯзи 27 июн як заминларзаи 5,3-баллӣ Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро такон дод. Рӯзи 26 июн бдар 122-километрии Ӯш дар наздикии марзи Тоҷикистон зилзилаи 6,7-баллӣ сабт шуда буд.

XS
SM
MD
LG