Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷавон баъди бозгашт аз Сурия


Як ҷангҷӯи қирғиз дар Сурия
Як ҷангҷӯи қирғиз дар Сурия

Мақомоти Қирғизистон як марди 21-соларо бо иттиҳоми пайвастан ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ва бо қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ баргаштан ба ин кишвари Осиёи Марказӣ дастгир кардаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 24 июн гуфт, ин ҷавон рӯзи 10 июн, ҳангоми талоши вуруд ба Қирғизистон дастгир шуд. Ҳафтае пеш ин ниҳод хабар дода буд, ки рӯзи 10 июн се марди дигари низ аз Сурия баргаштаро дар вилояти ҷанубии Бодканд дастгир кардаанд. Мақомот гуфтанд, ин се мард дар авоили сол аз Сурия баргашта, низ қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистонро доштанд. Ба ҳисоби Бишкек, беш аз 500 шаҳрванди қирғиз дар Сурияву Ироқ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG