Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои Путин ба Ҳинду Покистон


Путин дар Тошканд
Путин дар Тошканд

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 июн дар рӯзи дуюми нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд гуфт, Ҳинду Покистон дар соли 2017 метавонанд ба узвияти Созмони Шанхай бипайванданд. Путин гуфт, Деҳлии нав ва Исломобод “барои расидан ба мақоми кишвари узв бояд ҷавобгӯи тамоми талабот бошанд.” Ӯ изҳори умед кардааст, ки ин ду кишвар тамоми шартҳои узвиятро то нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай, ки моҳи июни соли 2017 дар Қазоқистон доир хоҳад шуд, иҷро хоҳанд кард.

Ин изҳороти Путин дар ҳолест, ки аъзои созмони Шанхай бо вуҷуди талошҳои Русия номзадии Эронро ба узвияти ин созмони таҳти нуфузи Чин напазируфтанд. Вазири хориҷаи Чин Ванг Йи гуфт, Пекин мехоҳад пеш аз расидагӣ ба иқдомҳои дигар ба масъалаи пазируфтани узвияти Ҳинду Покистон тамаркуз кунад. Созмони Шанхай дар ҳоли ҳозир Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

XS
SM
MD
LG