Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозӣ дар як посгоҳ дар вилояти Суғд


Акс аз бойгонист ва иртиботе ба ҳодиса дар посгоҳи Суғд надорад.

Акс аз бойгонист ва иртиботе ба ҳодиса дар посгоҳи Суғд надорад.

Дар натиҷаи муноқишаи як ронанда ва нозирони роҳ дар вилояти Суғд ва истифода аз силоҳ дар як посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ як афсар ва ронанда маҷрӯҳ шудаанд.

Дар як посгоҳи назоратӣ дар вилояти Суғд байни ронандаву мусофири як мошин ва нозирони роҳ муноқиша сар задааст ва маъмурони милиса маҷбур шудаанд, аз аслиҳа истифода кунанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ҷараёни занозанӣ, маъмурони милиса, туфангчаро ба кор бурдаанд ва ронандаи мошин аз камараш маҷрӯҳ шудаааст ва айни замон дар бемористони ҷамоати Хистеварз бистарӣ аст.

Ба гуфтаи ин манбаъ нозири милиса ҳам ҷароҳат бардоштааст ва дар шифохонаи марказии шаҳраки Ғафуров муолиҷа мегирад. Яке аз табибони шифохона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ як корманди захми милисаро барои муолиҷа оварданд ва “айни замон ӯ хоб аст.” Мусоҳиби мо дар бораи вазъи сиҳатии маъмури милиса сӯҳбат накард ва ному насаби ӯро ҳам нагуфт.

Як манбаъи мӯътамад дар раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 23-уми июн дар посгоҳи байни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом, 30-километрии шарқи Хуҷанд рух додааст. Ба гуфтаи ӯ ронанда ва мусофири як мошин баъди нигаҳ доштани мошинашон бо нозирони роҳ муноқиша ва маъмурони милисаро латукӯб кардаанд.

Нозирони роҳ маҷбур шудаанд, барои хотима додани муноқиша ба гуфтаи ӯ “ба ҳаво оташ кушоянд.” Ронанда ва мусофир сокинони ноҳияи Ҳисор будаанд ва “дастгир шудаанд”, вале узви кадом гурӯҳи ҷиноӣ нестанд. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, сабабҳои ҷанҷолу занозанӣ бо нозирони роҳро таҳқиқ мекунанд. Байни ноҳияҳои Ғафурову Конибодом танҳо як посгоҳи пулис ҳаст, ки он ҷо чанд нозирони мусаллаҳи роҳ убуру мурури нақлиёти Тоҷикистону Қирғизистонро назорат ва гоҳе мошинҳоро нигаҳ дошта тафтиш мекунад.

Агарчӣ дар Тоҷикистон муноқиша байни ронандагон ва нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба чашм мехӯрад, аммо истифода аз силоҳ аз тарафи маъмурони милиса то кунун дида нашудааст. Моҳи майи соли гузашта як ронандае дар шаҳри Кулоб зимни ҷанҷол бо Сӯҳроб Исмонқулов, майори милисаро се корд зада сахт маҷрӯҳ кард. Аз ин пештар додгоҳи Ёвон як сокини ноҳия Шӯҳрат Тухтаевро барои латукӯби як афсари милиса ва бо гуноҳи “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди ҳокимияти давлатӣ” ва “паст задани шаъну эътибори онҳо” дар назди омма ба як соли шартии зиндон маҳкум кард.

Солҳои ахир муноқиша байни ронандагон ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Ронандагон мегӯянд, ки нозирони роҳ онҳоро беасос нигаҳ медоранд ва бо ҳар баҳона ришва мегиранд, ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ гунаҳкор худи ронандагон ҳастанд, ки қонуну қоидаҳои ҳаракатро риоят намекунанд.

Намунаи пурсарусадои ҷанҷоли ронанда ва афсари милиса аввали соли 2015 дар Душанбе буд, ки як ронанда корманди Бозрасии давлатии автомобилиро рӯи "капот"-и мошинаш дар маркази Душанбе тақрибан то 100 метр бурд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Ин ронанда баъдан барои нофармонӣ ба нозири роҳ ва дар хатар гузоштани ҷони ӯ ба 2.5 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар он замон навори видеоии кашола кардани ронанда яке аз видеоҳои пурбинандатарин дар Фейсбук шуд ва дар шарҳи он видео аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки худи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ ҷони ронандаҳоро ба ҳалқашон овардаанд ва онҳоро ба чунин қонуншиканӣ водор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG