Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 22 июн, дар суханронӣ дар нишасти охирини Думаи давлатии даъвати шашум, изҳор намуд, ки кишвар бояд дар андешаи таъмини амнияти худ бошад. Ӯ аз аъмоли НАТО дар наздикиҳои марз бо Русия интиқод кард ва гуфт, ки Маскав ба ин гуна аъмол вокуниши мувофиқ ва сареъ хоҳад кард.

Сарвари Русия ҳамчунин таъкид кард, ки бояд ҳама олам бо терроризми байнулмилалӣ муқовимат кунад ва низоми амниятиеро созмон диҳанд, ки берун аз чаҳорчӯби паймонҳои низомии феълӣ аст. Русия барои гуфтугӯ дар робита ба ташкили ин гуна низоми амниятӣ омода аст, афзуд Владимир Путин.

Ҳарчанд ин охирин нишасти Думаи давлатии даъвати шашум аст, ваколати вакилони парлумон моҳи сентябр поён меёбад.

Аз ин пеш Владимир Путин дар бораи рӯзи 18 сентябри соли равон баргузор кардани интихобот ба Думаи давлатиро имзо кард.

Интихобот ба Думаи давлатии даъвати ҳафтум дар рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки 225 вакил аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ ва 225 вакил дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб шаванд.

Ба парлумон ҳизбҳое шомил мешаванд, ки садди панҷдарсадиро гузаштаанд – қаблан қонун гузаштан аз садди ҳафтдарсадиро тақозо мекард.

Дар Думаи давлатии феълӣ ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» аз ҳама бештар - 238 курсӣ дорад. Ҳизби коммунист 92 мандат, “Русияи боадолат” 64 вакил ва Ҳизби либерал-демократӣ 56 ҷой доранд.

XS
SM
MD
LG