Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: Таркиби баъзе аз бозичаҳо заҳр доранд (ВИДЕО)


Мақомот мегӯянд, ки баъзе аз бозичаҳо пастсифат ва барои сиҳатии кӯдакон зиёноваранд.

Мақомот мегӯянд, ки баъзе аз бозичаҳо пастсифат ва барои сиҳатии кӯдакон зиёноваранд.

Оҷонсии давлатии “Тоҷикистандарт” беш аз 9 ҳазор бозичаи аксаран истеҳсоли Чинро аз муомилот дар бозорҳои кишвар бардошта, шумореро ҳам нобуд кардааст. Мақомот мегӯянд, сабаби ин амр ғайристандартӣ ва барои кӯдакон хатарзо будани ин бозичаҳост.

Бибисоро Ризоева, як масъули Оҷонсии “Тоҷикстандарт”, 21 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бозичаҳои чинӣ аксаран тариқи қочоқ ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёфта, ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд.

Ӯ гуфт, “ҳангоми ташхис муайян гардид, ки ранги ин бозичаҳо ноустуворанд ва кӯдакон метавонанд бо луоби даҳони худ онро фурӯ баранд. Асбоби мо нишон дод, ки дар таркиби ин бозичаҳо ба миқдори хурд ҳам бошад, элементҳои кимиёвии кадмий, сурб ва ба ҳамин монанад элементҳо вуҷуд доранд, ки ба зудӣ аз организм хориҷ намешаванд ва метавонанд кӯдаконро ба бемориҳои мухталиф гирифтор кунанд.”

Инчунин, ба гуфтаи мусоҳиби мо, бозичаҳои мусодирашуда, пастсифат буда, зуд мешикананд ва эҳтимоли осеб дидани атфол низ вуҷуд дорад. Ба қавли Ризоева баъзе аз бозичаҳои резинӣ, буйи ғализ доранд, ки барои саломатии кӯдакон зарар дорад.

Пизишкон ҳам мегӯянд, аз рангҳои хеле рӯшану баланд ва бӯи ногувори баъзе бозичаҳо метавон муайян кард, ки барои бозоргир шудан дар сохтани онҳо меъёри зиёди моддаҳои зараровар истифода шудааст, ки метавонанд кӯдаконро гирифтори бемориҳои шадиде, аз қабили бемории роҳҳои нафас, ҷигар, пӯст ва ғайра кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон, харидорон маҳз ба бозичаҳои серрангу диққатҷалбкунанда бартарӣ медиҳанд.

Умед Болтаев, тоҷири тоҷике, ки 5 сол боз ба фурӯши бозичаҳо машғул аст ва ҳамагӣ аз Чин оварда мешаванд, гуфт, “бозичаҳо аз 10 сомонӣ ба боло арзиш доранд. Харидороне ҳастанд, ки ба сифати маҳсулот зиёд аҳамият медиҳанд. Масалан, агар бозича камранг аст, пас, ин ба он маъност, ки сифати хуб надорад. Мо кӯшиш мекунем бозичаҳоеро пешниҳод кунем, ки нисбатан беҳтаранд. Аммо интихобро худи харидорон мекунанд.”

Савдои бозича дар Тоҷикистон аз тиҷорате дониста мешавад, ки ҳамеша харидор дорад. Аммо дар кишвар ба ҷуз аз як корхонаи хурди тавлиди бозичаҳои кӯдакона дар вилояти Суғд, корхонаи дигар фаъол нест.

Шодигул Шералиева, модари ду фарзанд иқрор мешавад, ки маъмулан дар рӯзҳои ҷашн барои фарзандонаш бозича мегирад. “Албатта, интихоби бозича ба маблағе, ки дар даст дорам, бастагӣ дорад. Агар пул кам бошад, бозичаи арзонтарро интихоб мекунам, ки сифаташ пасттар аст” – гуфт ӯ.

Масъулони Оҷонсии “Тоҷикистандарт” ҳам мегӯянд аксари бозичаҳои арзону “хатарнок” тариқи қочоқ аз Чин ба бозорҳои Тоҷикистон ворид мегардад ва то кунун ин бозор дар Тоҷикистон ба таври хос назорат намешуд. Аммо ҳоло мақомоти тоҷик тасмим доранд, ки воридот, фурӯш ва нигаҳдории бозичаҳои кӯдаконаи аксаран истеҳсоли Чинро танзим намоянд.

Ин аст, ки Оҷонсии “Тоҷикистандарт” як “Регламент” ё меъёре бо номи “Бехатарии бозичаҳо”-ро барои тасдиқ ба ҳукумат фиристодааст. Ин тарҳ шурӯъ аз воридот то қоидаҳои харидуфурӯш дар бозор, мутобиқат ба талаботи бехатарӣ ва тамғагузории бозичаҳоро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG