Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садҳо табло дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон  бо ситоиши сифати хизматрасониҳои аврупоӣ муштарӣ ҷамъ мекунанд ва барои худ бозор месозанд.

“Евроремонт”, “Еврозабор”, “Еврогаз”, “Евролибос” - инҳо намунаҳое аз тоблуҳои хиёбонҳои шаҳри Душанбе аст. Маҳсулоти таблиғшаванда умдатан ҳеҷ рабте ба Аврупо надорад. Ин маҳсулот дар беҳтарин ҳолат дар Туркияву Қазоқистон истеҳсол мешаванд, дар бадтарин ҳолат - аз маҳсулоти арзон дар Чин.

Балаҷон аз “Евроремонт”-у “Еврозабор” ба “еврогаз” мегузарад

Балаҷон Аҳмадов, сокини маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ аз он муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки дар Русия корашро аз даст надодааст ва барои гузаронидани таътили зимистона ба Ватан баргаштааст. Ӯ мехоҳад, ки шакли зоҳирии манзили зисташро аврупоӣ кунад. Балаҷон дохили манзили лойдевори зисташро “евроремонт” карда, гирди ҳавлиашро “еврозабор” гирифтааст ва акнун мехоҳад як мошини арзоне бихарад, ки бо “еврогаз” ҳаракат кунад.

- “Еврозабор” ҳам сифати хуб дорад ва ҳам он қадар гарон нест. Гирди ҳавлиро ҳам хеле зебо мегирад. “Евроремонт” ҳам хонаро зебову хуб кардааст. Замон дигар шудааст, бояд шароитро ҳам дигар кард, - мегӯяд,ӯ.

“Евро” таъкид ба сифат

Калимаи “Евро” зоҳиран дар Тоҷикистон, ки фурӯшгоҳҳои он пур аз молу маҳсулоти бесифати чинӣ аст, таъкид ба як бренд ва босифат будани маҳсулот аст.

Боймуҳаммад Давлатов, соҳибкори тоҷик ва молики ширкати “Еврозабор” дар Душанбе мегӯяд, ҳоло панҷоҳ намуди девори бетонии аврупоӣ истеҳсол мекунанд ва оҳиста-оҳиста таваҷҷӯҳ ба ин навъи девор бештар мешавад. Ин соҳибкор, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард, ба Ватан баргаштааст, то истеҳсоли деворҳои аврупоиро дар Тоҷикистон ба роҳ монад. Ӯ мегӯяд, таҷҳизоти истеҳсоли ин навъи деворҳоро аз Русия харидааст ва сифати кораш ҳам комилан фарқ мекунад.

- Ин навъи деворҳоро дар Аврупо истифода мекунанд. Ҳоло муштариёнаш ин ҷо ҳам зиёд мешавад. Бӯҳрони иқтисодӣ ба мо ҳам мисли дигарон таъсир кардааст, аммо ба ҳар ҳол кор мекунем. Ин деворҳо бо шакли зоҳирӣ ва сифаташон фарқ мекунанд. Барои насб карданаш ҳам кори зиёду вазнин талаб намекунад. Пештар деворҳои бетонӣ дар мо буд, ки онҳоро бо кран насб мекарданд, аммо инро бо даст ду нафар насб мекунад, - гуфт Давлатов.

Деворҳои авруопии истеҳсоли ин мард ду метри метри кватратиаш беш аз 200 сомонӣ нарх дорад, ки аз дигар навъи деворҳои бетонӣ чандон гаронтар нест.

“Еврогаз” - гаронтарин ва серхаридортарин хидматрасонӣ

Бренди "евро" на танҳо дар маҳсулоти сохтмону ҷиҳози хона истифода мешавад. “Еврогаз-4” ва ё “Еврогаз-5” серистифодатарин навъи таҷҳизотест, ки сокинон дар мошҳинҳои аврупоӣ насб мекунанд, ки бо истифода аз газ ҳаракат мекунанд. Газ ба Тоҷикистон асосан аз Русияву Қазоқистон ворид мешавад.

Дилшод Исматов, ронандаи мошини навъи “Мерседес” дар мошинаш таҷҳизоти “Еврогаз-4” насб кардааст. Ӯ мегӯяд, ин таҷҳизот бехатар ва каммасраф аст: “Бо гази моеъ ҳаракат додани мошин пули камтар талаб мекунад. Таҷҳизоти газӣ зиёд аст, аммо “Еврогаз-4” хеле бехатар ва камсарфтар аст.”

“Евро-либос”

Ҳамин тавр, дар пойтахти Тоҷикистон даҳҳо дӯконе вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи соҳибонашон, либоси "аврупоӣ" мефурӯшанд. Аммо касе наметавонад кафолат диҳад, ки ин маҳсулот воқеан дар Аврупо истеҳсол шудааст. Ҳамон гуна, ки касе наметавонад бигӯяд, "Еврозабор" дар худи Аврупо чӣ шакл дорад.

Тоҷикистон як кишвари осиёӣ буда, бештари сокинонаш зиндагии суннатӣ доранд. Агарчӣ дар солҳои ахир мафкураи сокинони Тоҷикистон бештар осиёӣ мешавад, аммо хоҳиши зиндагӣ дар хонае, ки "евроремонт" шудааст, кафше, ки "Адидас" истеҳсол кардааст ва атре, ки аз Фаронса омадааст, ба ҳамон андоза бештар мешавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG