Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифи Мисайзод аз олам чашм пӯшид


Шарифи Мисайзод, яке аз маъруфтарин ровиёни радиои Тоҷикистон дар синни 50 аз олам рафт. Дӯстонаш мегӯянд, Шарифи Мисайзод чанд моҳи охир дар бистари беморӣ ба сар мебурд. Шарифи Мисайзод аз ровиёни пурмухлистарини радиои тоҷик ба шумор мерафт ва дар соли 2014 барои барномаи “Салому алейкум, диёрам!” ҷоизаи беҳтарин радиожурналисти сол дар озмуни “Ҷило”-ро низ ба даст оварда буд.

Шарифи Мисайзод соли 1966 ба дунё омада, хатмкардаи бахши забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли 1992 то поёни умр дар радиои Тоҷикистон - ибтидо дар шабакаи аввал ва солҳои охир дар "Садои Душанбе" кор кардааст. Аз ровиёни барномаи дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маъруфи "Хоки Ватан" ҳам буд.

Шариф Мисайзод табъи латиф ҳам дошт ва аз ӯ хушгӯиҳои зиёде ҳам ба ёдгор мондааст.

Аз хушгӯиҳои Шарифи Мисайзод

Сурати хушрӯ

Меҳмоне ҳангоми тамошои албоми суратҳои Шариф суратеро мебинад, ки чаппа часпонида шудааст. Суратро гирифта аз Шариф мепурсад:

-Иқа сурати хушрӯ, ира кай гирифтай?

-20 сол пеш,-ҷавоб медиҳад Шариф.

-Барои чӣ ин ҷо чапа часпондагӣ? - боз мепурсад меҳмон.

-Барои он, ки занам ҳамин суратро дида, маро гирифтагӣ,-бо лутф ҷавоб медиҳад Шариф.

Ман нестам-кӯ

Меҳмон сурати дигареро, ки дар он зану кӯдакони Шариф аккосӣ шуда буданд, гирифта мепурсад:

-Инҳо киҳоянд?

-Занак бо кӯдаконаш…- ҷавоб медиҳад Шариф.

-Чӣ хел? Ин зани туву кӯдакони ту нест, магар?- ҳайрон шуда, мепурсад меҳмон.

-Ман он ҷо нестам-ку,- бо ханда мегӯяд Шариф.

Ма ҳамуқа будум…

Дар ҳамон лаҳза, духтарчаи Шариф - Дилноз, суратеро гирифта аз падараш мепурсад:

-Ота, чиба иҷа ҳама шиштагӣ асту шумо рост истодагӣ?

-Он вақтҳо ма ҳамуқа будам, духтарҷон,- ҷавоб медиҳад Шариф.

Ду кас мепӯшем…

Дар назди хонаи матбуот Шарифро, ки ба кор мерафт, нафаре боз дошта мегӯяд:

-Ман мухлиси ту- Баҳриддин Сатторӣ ҳастам. Мехоҳам ба ту як хизмат кунам.

-Чӣ хизмат будааст?-мепурсад Шариф.

-Ҳозир маркази "Садбарг" меравем, остинҳои кастуматро кӯтоҳ мекунем, 20 сомонӣ мешавад, ман медиҳам.

Шариф чун ҳамешагӣ ҳозирҷавобӣ карда мегӯяд:

-Ака, мо ин кастумро ду кас мепӯшем.

-Қатии кӣ?- мепурсад он мухлис.

-Қатии бачам,- ҷавоб медиҳад Шариф.

Аз ин ҷавоб акаи Баҳриддин хушҳол шуда, 20 сомонӣ ба кисаи кастуми "бобаракат" зада меравад…

XS
SM
MD
LG