Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини якуми Рустами Эмомалӣ аз кор рафт


Аламхон Наимӣ
Аламхон Наимӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 июн бо имзои як силсила фармонҳову қарорҳо дар раҳбарии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, Ожонсии мубориза бо фасод ва низоми додгоҳӣ тағйироти нави кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла Абдураҳмон Ҳалимзод раҳбари раӣсати молияи дастгоҳи президент таъин шуда, Одил Ҷабборзода “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз ин мақом барканор шудааст.

Ҳамин тавр ва бо айни далели “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” Аламхон Қодириён Наимӣ аз мақоми муовини якуми Ожонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон сабукдӯш шудааст. Наимӣ қабл аз интисобаш ба мақоми муовини аввали раиси Ожонсӣ дар моҳи марти соли 2015, муовини вазири молия буд. Ӯ нафаре буд, ки дар нишастҳои хабарии ин Ожонсӣ ба ҷои раисаш Рустами Эмомалӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард.

Ҳамчунин бо фармонҳои раисиҷумҳур раиси собиқи Шӯрои адлия Дӯстмурод Назарзода ва аъзои Ин ниҳод ба далели барҳам хӯрдани он аз мақомҳои худ сабукдӯш шуда, Муродзода ба ҷои Наврӯз Самадзода бо қарори ҳукумат сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорати меҳнат таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG