Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби 238 000 товон аз вазорат


Фирдавс Раҳматов.

Фирдавс Раҳматов.

Додгоҳи гарнизони низомии Душанбе масъалаи пардохти 238 ҳазору 800 сомони зарарӣ маънавӣ ба наздикони Фирдавс Раҳматов, сарбози қисми низомии 04080-и вазорати дифои Тоҷикистонро, ки баъд аз як моҳи адои хизмат ба ҳалокат расид, баррасӣ хоҳад кард. Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мурофиа рӯзи ҷумъаи оянда баргузор хоҳад шуд. Дар ин мурофиа вакилони созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз ҳуқуқҳои наздикони Фирдавс Раҳматов ҳимоят мекунанд.

Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард, рӯзи 7 майи соли 2015 ба хизмат даъват шуда буд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд. Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе сарбозро дар лату кӯбу марги Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Сержант - Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант -Комрон Раҳимов ба 17.5 ва сарбози қаторӣ- Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд.

XS
SM
MD
LG