Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи ҳукумати Қирғизистонро ба боздоштгоҳ бурданд


Достон Саригулов
Достон Саригулов

Як нафар аз мухолифони сисёсии Қирғизистонро, ки мақомоти расмӣ вайро барои талоши сарнагунии ҳукумат гунаҳгор медонанд, аз ҳабси хонагӣ ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон мегӯяд, ки Достон Саригулов ҳамчунин барои ришвахорӣ муттаҳам мешавад. Вай дар солҳои 1992 -1999 ҳангоми кор дар мақоми раиси Қирғиз-олтин ё Қирғиз-тилло ба ришвахорӣ даст задааст.

Дар аввали моҳи март Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон гуфт, ки се нафари дигар Бектур Асанов, Қубаничбек Қодиров ва Эрнест Каримбеков низ барои нақшаҳояшон дар бораи сарнагунии ҳукумат бо истифода аз ниру муттаҳам дониста шудаанд.

Ин се шахсияти мухолифон дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебаранд. Онҳо замоне боздошт шуданд, ки сабти гуфтугӯи онҳо дар интернет ба гардиш даромад ва онҳо аз роҳи зӯр сарнагунии ҳукуматро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG