Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КАМ: Охирин омилони ҳамлаҳои Оқтеппа боздошт шуданд


Шаҳри Оқтеппа имрӯз
Шаҳри Оқтеппа имрӯз

Сомонаи интернетии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 12 июн навишт, ки ҳама ширкаткунандагони ҳамлаҳо дар шаҳри Оқтеппа кушта ё дастгир шуданд ва силоҳи онҳо мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои Маркази зиддитеррористии Қазоқистон, ки дар сомонаи Кумитаи амнияти миллӣ (КАМ) нашр шудааст, дар бораи дар як манзил дар Оқтеппа пинҳон шудани ҷинояткорони боқимонда хабар расид. “Дар натиҷаи амалиёт Куанишбоев, Танатаров ва Акпанбетов боздошт шуданд. Акпанбетов ҳангоми фирор аз пояш тир хӯрд”, омадааст дар хабари сомонаи КАМ.

Як рӯз пеш мақомоти амниятӣ дар бораи боздошти боз ду нафари гумонбар дар ин ҳамлаҳо хабар дода буд.

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамла ва амалиёти вижае, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат гирифт, дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ду рӯз пеш Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо нашри як баёния гуфт, ки дар амалиёт ба манзиле дар Оқтеппа 4 “террорист”-ро куштанд. Гуфта мешавад, як марди дигар дар кӯча алайҳи пулис тир кушодааст ва аз оташи ҷавобӣ ҷон бохтааст.

Мақомоти Қазоқистон то ҳол гурӯҳи масъули ҳамлаҳои Оқтеппаро мушаххас накардаанд, вале онҳоро “тундравони мазҳабӣ” ном мебаранд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 8 июн бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, ҳамлагарон пайравони як равияи тундрави мазҳабӣ буданд ва аз хориҷи кишвар раҳнамоӣ мешуданд.

XS
SM
MD
LG