Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси ИМА қотили Гриммиро шиносоӣ кард


Кристина Гримми
Кристина Гримми

Полиси шаҳри Орландои ИМА эълон кард, ки қотили ситораи ҷавони мусиқӣ Кристина Гримми шиносоӣ шудааст. Гуфта мешавад,қотил баъд аз ин ҳодиса, ки Амрикоро такон дод, худкӯшӣ кардааст.

Кристина Гримми, ки бо ҳунарнамоӣ дар озмуни телевизионии The Voice (“Садо”) миллионҳо нафарро шефтаи худ карда буд, рӯзи 10 июн дар шаҳри Орландои Флорида дар ҳоли навиштани соядаст ба алоқамандонаш ҳадафи тир қарор гирифт.

Раиси полиси шаҳри Орландо Ҷон Мина шоми 11 июн гуфт, ки кушторро Кевин Лойбли 27-сола, сокини шаҳри Санкт-Петерсбурги Флорида содир кардааст. Ӯ афзуд, ки Лойбл маризии рӯҳӣ дошт ва маҳз барои куштори Гримми ба Орландо омада буд. Баъд аз куштор бародари Гримми хост қотилро дастгир кунад, аммо Кевин Лойбл худкӯшӣ кард.

Ангезаи ҳамлаи ӯ ба Кристина Гиримми то ҳол маълум нест.

Кристина Гриммии 22-сола, сокини шаҳри Ню-Ҷерсӣ, ду сол пеш дар озмуни The Voice (“Садо”)-и шабакаи телевизионии NBC ҷойи сеюмро соҳиб шуда буд. Ӯ ҳанӯз аз овони наврасӣ наворҳо бо ҳунарнамоияшро дар сомонаи YouTube мегузошт, ки онҳоро ҳазорҳо нафар тамошо мекарданд.

XS
SM
MD
LG