Пайвандҳои дастрасӣ

Пахши барномаҳои шабакаи RT дар Аргентина мутаваққиф шуд


Аргентина рӯзи 11 июн эълон кард, ки пахши барномаҳои телевизионии испанизабони русии RT дар чаҳорчӯби шабакаҳои бепули давлатиро мутаваққиф мекунад. Ин тасмим баъд аз 60 рӯз ба ҳукми қонун медарояд.

Пахши шабонарӯзии барномаҳои шабакаи телевизионии RT моҳи октябри соли 2014 шурӯъ шуд ва дар як маросим ба ин муносибат раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти Аргентина Кристина Киршнер дар “пули телевизионӣ” ширкат доштанд.

Шабакаи RT нахустин телевизиони давлатии хориҷӣ буд, ки имкони пахши шабонарӯзӣ ва ройгони барномаҳояш дар Аргентинаро пайдо кард. Ин шабака ба 80 дар сади аҳолии кишвар дастрас аст..

Сиёсатшинос Адриан Салбучи дар робита ба мутаваққиф кардани пахши барномаҳои телевизони RT дар қаламрави Аргентина гуфт, ки шабакаи русӣ нуқтаи назари алтернативӣ дар робита ба сиёсати байнулмилаливу молия ва иқтисодро пахш мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мавқеъи шабакаи телевизионӣ шояд бо мавқеи ҳукумати муҳофизакори раисиҷумҳури нави Аргентина Марисио Макрӣ созгор нест.

Марисио Макрӣ моҳи декабри соли гузашта дар курсии президенти Аргентина нишаст. Худи Макрӣ мақомоти Русияро дар бораи тасмими мутаваққифсозии пахши барномаҳои шабакаи RT дар ҷараён гузошта, онро бо ироаи амвоҷ дар шабакаҳои бепул ба шабакаҳои музофотӣ рабт додааст.

Ҳукумати Аргентина дар бораи қатъи пахши барномаҳои телевизиони Венесуэла ҳам тасмим гирифт.

Айни ҳол шабакаи телевизионии RT барномаҳояшро бо се забон – англисӣ, арабӣ ва испанӣ пахш мекунад.

XS
SM
MD
LG