Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти дабирони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон


Абдураҳим Қаҳҳоров

Абдураҳим Қаҳҳоров

Котиби Шӯрои амнияти Русия рӯзи 9 июн дар Маскав бо ҳамтои тоҷикаш Абдураҳим Қаҳҳоров масоили ҳамкориҳои низомӣ-фаннии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти Шӯрои амнияти Русия хабар дод, ки дар ин мулоқот вазъи Осиёи Марказӣ, таҳдидҳои ношӣ аз ноҳияи Афғонистон, ҳамкории Маскаву Душанбе дар масъалаи муҳоҷирати корӣ ва ҳам масоили марбут ба пайвастани ҷангҷӯёни тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷангҳои бегона баҳс шудааст. Рӯзи панҷшанбе дар Маскав мушовараҳои коршиносони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Русия дар масоили таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон низ баргузор шуд. Дар ин ҷаласа намояндагони вазоратҳои амният, умури дохила ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG