Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ОМОН ва пулиси шаҳри Маскав рӯзи 9 июн дар яке аз кооперативҳои гаражу сохтмони минтақаи Новая Москва 17 муҳоҷири зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия дастгир кардаанд. Раёсати корҳои дохилаи Маскав хабар дод, ки ҳамаи ин 17 нафарро бар асоси моддаи 18.8-уми Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд. Моддаи 18.8 барои вайрон кардани тартиби вуруд ба Русия ва қоидаҳои будубош дар ин кишвар ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз ду то 5 ҳазор ва берун кардани нафари қонуншикан аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон алайҳи яке аз моликони кооперативе, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ кор мекарданд, бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва ба ӯ тибқи қонунгузории Русия, то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG