Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаи хомӯшӣ ба хотири Қаҳҳор Маҳкамов дар парлумон


Ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи парлумони Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз хизматҳои Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт. Қаҳҳор Маҳкамов рӯзи гузашта бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон дар оғози ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки Қаҳҳор Маҳкамов дар тӯли зиндагиаш барои мардуми Тоҷикистон хизматҳои зиёд кард кардааст ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба поси хизматҳои вай, барои тасаллият ба хонаи Қаҳҳор Маҳкамов рафтааст.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки аз овони ҷавонӣ бо Қаҳҳор Маҳкамов кор кардааст, мегӯяд, ки "ман мисли ӯ дар зиндагӣ одами поквиҷдон ва хоксорро надидам. Хизматҳои шоистаи ӯ бо чандин мукофотҳои давлатӣ қадр шуданд". Дар Маҷлиси Намояндагон ба поси хотири Қаҳҳор Маҳкамов лаҳзаи хомӯшӣ эълон шуд.

Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури нахустини Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар синни 84 солагӣ даргузашт. Узви Маҷлиси миллии кишвар се моҳ бемори бистарӣ буд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 9-уми июн дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб шурӯъ кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Баъди барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар порлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG