Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон “Санглох”-ро дубора фаъол мекунад


Расадхонаи байналмилалии “Санглох”-и Тоҷикистон рӯзи 8 июн дубора фаъол карда хоҳад шуд. Ин расадхона дар маҳалли Санглохи ноҳияи Данғара дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон хароб шуда буд.

Фарҳод Раҳимзода, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз барқарор шудани расадхонаи “Санглох” хабар дода ва гуфта буд, ки ҳоло ба навсозии пойгоҳи зилзилашиносии “Симиганҷ” шурӯъ кардаанд. Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳо рӯзи 7 июн гуфт, “бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣр асадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” барқарор карда шуд.”

Ҳоло дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар баробари “Санглох” боз ду расадхонаи дигар - расадхонаи Ҳисор ва расадхонаи “Помир” дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон фаъол ҳастанд. Расадхонаи “Санглох” соли 1977 сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG