Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди ифтитоҳи сафоратхонаи Туркманистон дар Исроил


Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо як ҳайати расмии кишвараш ба Исроил рафта, бо вазири умури муҳоҷирати он кишвар Зеэв Элкин мулоқот кардааст.

Элкин ба ҳамтои туркманаш барои мусоидат дар ифтитоҳи сафоратхонаи Исроил дар Ишқобод изҳори сипос карда ва гуфтааст, ки Иерусалим ба мавқеи бетарафии Туркманистон дар сатҳи байналмилалӣ арҷ мегузорад.

Вазири исроилӣ гуфтааст, онҳо хушҳол хоҳанд шуд, агар Туркманистон ҳам дар Иерусалим намояндагии расмии худро боз кунад.

"Ин тасмим ба рушди равобити ду кишвар ва, инчунин, додугирифти тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард," -афзудааст ӯ. Рашид Мередов дар навбати худ гуфтааст, ки дар Ишқобод барои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Исроил ҷиддӣ муносибат доранд.

XS
SM
MD
LG