Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 23 суриягӣ аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои Русия


Бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии эҳтимолан мансуб ба Русия ба шаҳри Идлиби Сурия дасти кам 23 нафар ба ҳалокат расиданд.

Маркази назорат аз болои ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи 31 май хабар дод, ки бомбҳо шаби гузашта дар чанд минтақаи шаҳр, аз ҷумла, дар канори як бемористон таркиданд. Рамӣ Абдулраҳмон, раиси ин марказ гуфт, ки миёни кушташудагон 7 кӯдак ҳам ҳаст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад. Ин мудҳиштарин бомборон баъд аз созиши оташбас дар моҳи феврали соли равон аст, гуфтаанд ҳомиёни ҳуқуқи башар.

Наҷотбахшон тамоми шаб дар ҷустуҷӯи афроди зери харобаҳо монда буданд ва гуфта мешавад, ки чанд нафар, аз ҷумла, як кӯдакро зинда берун оварданд.

Шаҳри Идлиб аз такягоҳҳои гурӯҳи Ҷабҳаи На-Нусра маҳсуб мешавад.

Ҳавопаймоҳои низомии Русия аз соли гузашта ба ин сӯ ба хотири пуштибонӣ аз режими раисиҷумҳур Башор Асад дар Сурия мустақар шудаанд.

XS
SM
MD
LG