Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз қочоқи 23 кило маводи мухаддир


Расонаҳои Узбакистон аз ҷилавгирии қочоқи 23 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба он кишвар иттилоъ додаанд.

Ба навиштаи расонаҳои узбакӣ, ниҳодҳои амниятии Узбакистон дар вилояти Сурхондарё шаби гузашта дар масири “Сариосиё – Дунав” худрави тамғаи “Нексия”-ро боздошт кардаанд, ки сари фармон Баҳодур Ҳамроев, сокини 55-солаи Дунав, будааст. Ба ҳангоми бозҷӯии худрави Ҳамроев ду халта кашф шудааст, ки дар дохили онҳо 12 килову 400 грамм маводи мухаддири навъи афюн будааст. Фарди боздоштшуда, ҳамроҳи худ маблағи 63 миллион суми узбакӣ (муодили беш аз 10 ҳазор доллар) ва 3800 доллар доштааст.

Ҳамчунин кормандони амниятии Узбакистон Нодир Кудратов, сокини 42-солаи вилояти Сурхондарёро боздошт кардаанд, ки шарики Баҳодур Ҳамроев будааст ва аз ӯ 11 кило маводи мухаддири афюн кашфу мусодира шудааст. Расонаҳои узбакӣ навиштаанд, “ин ду нафар 23 килову 400 грамм маводи мухаддири навъи афюнро аз ноҳияи марзии Тоҷикистон, аз сокини дар ҷустуҷӯ қарордоштаи Узбакистон - Машраб Маъмуров ба даст овардаанд.”

Нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG