Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози моҳи Рамазон 6 июн таъин шуд


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазонро 6 июн таъин кардааст. Танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар мегӯяд, ки “мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон рӯзи душанбе, 6 июни соли 2016, муайян карда шавад.”

Ин шӯро, инчунин, нисоби закотро 17 400 сомонӣ муайян карда ва гуфтааст, ки аз ин ҳисоб 435 сомонӣ закот дода хоҳад шуд. “Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ муайян карда шавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад,” – омадааст дар қарори Шӯрои уламо.

Ин қарор дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд гирифта шудааст. Масъулони Шӯрои уламо гуфтанд, ки нишасти онҳо бо ҳузури имомхатибон баргузор шуда, гуфта шудааст, ба хотири роҳ надодан ба иштибоҳҳо нусхаи тақвими моҳи шарифи Рамазон дар ҳамаи расонаҳо ба нашр бирасад. Бар асоси ин тақвим, аввалин намози таровеҳ шаби 5 ба 6 июн хонда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG