Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси нави Эрон савганд ёд кард


Парлумони нави Эрон, ки пас аз интихобот дар моҳҳои феврал ва апрел ташкил шудааст, рӯзи 28 май фаъолияти худро бо маросими савганд шурӯъ намуд.

Қарор аст Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо 290 вакил аз талошҳои раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ барои рушди иқтисод ва ислоҳот дар сиёсати иҷтимоӣ пуштибонӣ кунад. Пирӯзии ҷонибдорони Рӯҳонӣ ба ҳукмронии 12-солаи муҳофизакорон дар Маҷлиси Эрон хотима бахшид.

Коршиносон мегӯянд, тағйирот дар Маҷлиси Эрон ба Ҳасани Рӯҳонӣ барои барқарории равобит бо Ғарб, ҳамчунин барои афзоиши озодиҳои шаҳрвандон ва аз ҳуқуқи бештар бархӯрдор шудани занон мусоидат хоҳад кард. Бори аввал дар парлумони Эрон 18 занон соҳиби мандат шудаанд.

Интихоботи парлумонии Эрон – нахустин имтиҳонии сиёсӣ барои Рӯҳонӣ баъд аз имзои созиши ҳастаӣ дар тақрибан як соли пеш ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ буд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон баъд аз он лағв шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар нишасташ дар шаҳри Вена рӯзи 16 январ аз сӯи Теҳрон иҷро шудани ҳама ӯҳдадориҳояш оид ба созиши ҳастаиро тасдиқ намуд. Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июли соли гузашта баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи президентии се соли пеш пирӯз шуда буд, талош дорад то интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар моҳи майи соли 2017 ба рушди иқтисодӣ дар Эрон муваффақ шавад. Интизор меравад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ талоши дубора дар мақоми президентӣ интихоб шуданро кунад.

XS
SM
MD
LG