Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 374 кило афюну ҳероин сӯзонда шуд


Рӯзи 27 май дар Душанбе беш аз 370 кило маводи мухаддир сӯзонда шуд. Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, гуфт, ки ин маводи мухаддир аз ҳероину афюн, ҳашиш, бангдона ва ҳабҳои мадҳушкунанда иборат аст.

Ӯ афзуд, ин миқдор маводи мухаддир аз боздоштшудаҳо мусодира гардида, алайҳи соҳибонаш, дар маҷмуъ, 31 парванда боз гардидааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсӣ мегӯяд, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 1 тоннаву 693 килло маводи мухаддир тавассути кормандони ҳамаи сохторҳои интизомӣ мусодира шудааст. Роҳи воридшавии маводи нашъадор ҳоло ҳам тариқи марзи Афғонистон боқӣ мондааст.

Давоми понздаҳ соли охир дар бухорӣ ё "печка"-и Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёда аз 15 тонна маводи нашъадор сӯзонда шудааст. Ин оҷонсӣ моҳи июни соли 1999 ташкил шуда буд.

XS
SM
MD
LG