Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саудӣ барои вакилони тоҷик қаср месозад


Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

Арабистони Саудӣ барои вакилони ду палатаи порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қаср хоҳад сохт.

Аз Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи 26 май ба Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи "Маҷмааи порлумонӣ" аз ҳоло омода аст ва ин бино дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ ва дар ҷойи бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ бунёд хоҳад шуд. Вале масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки сармояи ниҳоии тарҳ дақиқ нест.

Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси Аш-Шӯро ё порлумони Саудӣ, ки бо як сафар ба Тоҷикистон омадааст, низ дар суҳбати рӯзи чоршанбеаш бо раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин бора ибрози назар кардааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин замина ҳанӯз дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Саудӣ мувофиқа шуда буд.

Раиси порлумони Саудӣ гуфтааст: "Мо барои сохтмони Маҷмааи порлумонӣ дар Душанбе сармояи заруриро ҷудо хоҳем кард."

Дар солҳои охир баъзе аз кишварҳои арабӣ дар бунёди масҷиду биноҳои маъмурии Душанбе сармоягузорӣ мекунанд. Аз ҷумла, бо сармояи 70-миллиондолларии Қатар дар Душанбе бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ бунёд мешавад.

Сохтмони ин масҷид дар соли 2009 шурӯъ шуда ва дар соли 2018 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тибқи нақша, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд ва дар майдони ҳафтуним гектар бунёд мешавад.

Тасмими ахири Арабистони Саудӣ дар ҳоле гирифта шудааст, ки бархе аз коршиносон дар пайи маҳдудиятҳои пӯшиши исломӣ ва баҳси ришу бастани масоҷиди ба қавли мақомот ғайриқонунӣ гуфта буданд, эҳтимол Тоҷикистон сармояҳои кишварҳои арабиро аз даст бидиҳад. Вале аз аввали соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба се кишвари арабӣ – Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт – сафар карда, аз сармоягузорони онҳо хост, ки ба Тоҷикистон биёянд.

Танҳо кишварҳои арабӣ нестанд, ки барои сохтмони биноҳои муҳим ба Тоҷикистон қарз медиҳанд ё кумак мекунанд. Дар оғози моҳи ҷорӣ дар Душанбе “Хонаи афсарон” ба истифода дода шуд, ки бо 100 миллион юан ё 15 миллион доллари Чин сохта шудааст. Мақомот мегӯянд, ин ёрии бебозгашти Чин ба Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG