Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар Сурия таҷҳизоти низомии Русия нобуд шудааст


Тибқи иттилои оҷонсии хусусии иктишофии амрикоии Stratfor, аксҳои моҳвораӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамлаи тӯпхонаӣ пойгоҳи низомии Русия дар Сурия "зарари ҷиддӣ" дидааст. Ин созмон хабар медиҳад, ки ҳангоми ҳамлаи охир дар наздикиҳои шаҳри Полмиро чаҳор чархболи русии "Ми-24" маҳв шудааст.

Аксҳо имкон медиҳанд, то "бо дилпурӣ хулоса кард", ки наздики "20 таҷҳизот" маҳв шудааст. 14 май гуруҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба зима гирифта, гуфта буд, дар натиҷаи ҳамла 4 чархбол ва 20 мошини ҳомили аслиҳа нобуд карда шудааст.

Тавре Stratfor хабар медиҳад, ҳаҷми зарар далолат бар "таҳдиди мудовим"-и Москва мекунад. Шуруъ аз ибтидои амалиёти низомӣ дар Сурия, Русия - муттаҳиди асосии президент Башор Асад, ҳамеша таҳдид мешунид. Вазорати мудофиаи Русия хабари ҳамла ба пойгоҳро рад карда, онро "таблиғоти ДИ" номид.

XS
SM
MD
LG