Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар Ҳаллеи Олмон медали нуқра ба даст овард. Вай дар ҳоли ҳозир танҳо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон аст.

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз шуд. Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон (Полша), ки рӯзи 4 июн 27-сола мешавад, бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр мақоми аввалро касб кард.

Ҳафтаи гузашта Дилшод Назарови 34-сола дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78 метру 82 сантиметр ҷойи дувумро гирифт. Павел Файдек бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай рӯзи 23 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то охирҳои моҳи июн дар Ҷумҳурии Чех тамрин карда, ба Олимпиадаи Рио-2016 омодагӣ мебинад.

"Аз ҳама мақсади олӣ дар Олимпиада ин ба даст овардани медал мебошад. Бинобар ин, мо умед мебандем, омодагӣ мегирем, вале чунонки мегӯянд, ҳамааш бо хости Худост. Агар ҳама чиз хуб анҷом ёбад, медал ҳам мешавад," – иброз дошт Дилшод Назаров дар суҳбат бо Озодӣ.

Ҳолнома:

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG