Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ карданд


Раҳбарони Русияву Фаронса ва Олмону Украина 24 май бо ҳам телефонӣ роҳҳои ҳалли муноқиша дар Украинаи шарқиро баррасӣ карданд.

Кохи Керемл мегӯяд, Русия пешниҳодҳоеро матраҳ кардааст, ки бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина “ҳамоҳанг” шудааст. Ин пешниҳодҳо баргузории интихобот дар минтақаи Донбасс ва афви ширкаткунадагони муноқиша мебошад.

Баъд аз ин гуфтугӯ раҳбарон изҳороте ба нашр расонданд, ки дар он “тааҳудоти худ ба иҷрои созишномаи Минскро таъйид карданд ва азми росихи худро бо назардошти имконот барои иҷрои пурраи он изҳор доштаанд”.

Дар ин бора дафтари Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса хабар додааст. Кохи Кремл мегӯяд, ки раҳбарон дар бораи зарурати назорат бар оташбас изҳори ақида кардаанд ва масъалаи самарбахшии фаъолияти нозирони САҲА-ро матраҳ кардаанд.

Кремл мегӯяд, ки раҳбарон масъалаи додани салоҳиятҳои бештар ба нозирони САҲА-ро низ баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG