Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко попи Румро ба Минск даъват кард


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус Франсис-попи Румро даъват кард, ки дар Минск бо раҳбари калисои Ортодокси Русия дар ҷараёни мулоқоти пешбаришудаи раҳбарон дидору гуфтугӯ кунад.

Лукашенко ин даъватро дар ҷараёни мулоқоташ бо поп дар Ватикан 21 май матраҳ кард ва гуфт, идомаи муноқиша дар шарқи Украина ташаббуси навро мехоҳад, ки “хусусияти мазҳабӣ” низ дорад.

Лукашенко ҳамчунин гуфт, вай мехоҳад раҳбарони мазҳабии Украинаро низ як ҷо бо намояндагони ислому мазҳаби яҳудиён ба мулоқоти Минск даъват намояд.

Дар бораи ҷавоби Ватикан ба ин даъвати Лукашенко хабаре пахш нашудааст ва рӯшан ҳам нест, ки пешниҳоди вай дар бораи мулоқот ба муноқишаи Украина ихтисос хоҳад дошт ё хайр.

Вале баъд аз мулоқоти поп бо Лукашенко 21 май Ватикан Минскро барои мизбонии музокироти сулҳи миёни ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва ҳукумати Украина ситоиш кард.

XS
SM
MD
LG