Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Хабарнигорони бидуни марз дар остонаи райпурсӣ


21 май созмони Хабарнигорони бидуни марз марказаш дар Пориси Фаронса дар остонаи райпурсии 22 май дар Тоҷикистон гузорише ба нашр расондааст ва дар он маҳдудият ва фишор ба матбуоти мустақилро маҳкум кардаааст.

Дар гузориш омадааст, ҳукумат бо бастани сомонаҳои хабаргузориҳои мустақил, бо таҳдиди рӯзноманигорон фишорро ҳамчунон идома медиҳад ва Тоҷикистон дар шохиси Озодии Матбуот дар ҷаҳон хеле поин рафтааст.

Сомонаҳои расонаҳои маъруфи хабарӣ, мисли Азия-Плюс, Озодӣ ва Озодагон аз 11 май ба ин сӯ баъд аз чопи мақолаҳо дар бораи райпурсӣ баста шудаанд.

Чунин намунаҳо дар солҳои охир дар остонаи тадбирҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили райпурсӣ ба анъана даромадааст. Дар ин гузориш ҳамчунин дар бораи тағиру иловаҳо дар Қонуни Асосӣ намунаҳо оварда шудааст.

14 май хабаргузории Азия Плюс номаеро чоп кард, ки аз вазорати фарҳанг гирифта буд. Дар ин нома мақолае “таблиғоти террористӣ” арзёбӣ шуда буд.

Дар ин мақола хабаргузорӣ аз рӯзномаи “Financial Times” иқтибос оварда буд, ки тундравҳои Давлати Исломӣ чанд пул дастмузд мегиранд. Дар мақола нуктае ба ҷонибдорӣ аз фаъолиятҳои террористӣ дида намешуд.

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз бар ин ақида аст, ки ҳукумат ба баҳонаи талошҳои мубориза бо терроризм матбуоти мустақилро метарсонад ва ба худсонсурӣ маҷбур месозад.

Тоҷикистон дар гузориши Озодии Матбуот дар ҷаҳон дар соли 2016 аз зинаи 150 ба зинаи 180 афтодааст. Соли ҷорӣ ҳеҷ кишвар ба ин андоза поин нарафтааст.

XS
SM
MD
LG