Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозпурсии дигарбораи хешовандони Кабирӣ


Муҳиддин Кабирӣ ва падараш

Муҳиддин Кабирӣ ва падараш

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дигарбора хешовандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро барои бозпурсӣ даъват кардаанд. Тило Кабиров, падари Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 20-уми май дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод ба хабарнигори Озодӣ гуфт, ки бародари Муҳиддин - Сафар Кабиров, келинаш Дилором Қурбонова ва яке аз набераҳояш - Тилозодаро субҳи 20-уми май ба бозпурсӣ даъват карда ва сипас ҷавоб додаанд.

Тило Кабирови 95-сола дар бораи ҷузъиёти сӯҳбати фарзандонаш бо мақомоти интизомӣ зиёд сӯҳбат накард, вале гуфт, ки теъдоди дигаре аз хешовандонашон низ барои бозпурсӣ даъват шудаанд.

Маъмурони милиса дар ноҳияи Файзобод моҳи декабри соли 2015 бо худи падари Кабирӣ ва дигар аъзои хонаводаву хешовандонаш сӯҳбат карданд. Он замон дар Интернет видеои сӯҳбати Тило Кабиров нашр шуд, ки дар он пирамарди 95-сола ба писараш “насиҳат” мекард, ки “чӣ қадаре метавонӣ, барои ободии Ватан бикӯш.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар аъзои раёсати ҳизбро ба тарҳрезии ошӯби моҳи сентябр ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Дар ин чанд нафар, аз ҷумла маъмурони пулис кушта шуданд. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, ки ӯ ва тарафдоронаш дар ошӯби генерал Назарзода даст надоранд ва ин ошӯб баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат шуд, ки бештар аз 40 ҳазор аъзо дошт ва ҳоло як созмони террористӣ ва мамнӯъ дар Тоҷикистон эълон шудааст. Гузориши комил ба зудӣ нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG