Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳои ҷаҳонӣ ба Либия силоҳ медиҳанд


Файёз Сарроҷ ва Ҷон Керри дар Вена
Файёз Сарроҷ ва Ҷон Керри дар Вена

5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ҷиҳати бо силоҳ таъмин кардани ҳукумати аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ эътирофшудаи Либия барои мубориза бо “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар ин кишвари таҷзияшуда тавофуқ кардаанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри ва мақомоти аршади Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса ҳамроҳ бо ҳудуди 15 кишвари дигаррӯзи 16 май дар нишасти Вена гуфтанд, ки онҳо рӯи бардоштани таҳрими фурӯши силоҳ ба Либия, ки аз сӯи СММ ҷорӣ шудааст, ва ироаи аслиҳа ба ҳукумати оштии миллии сарвазири кунунии Либия Файёз Сарроҷ ба тавофуқ расиданд. Сарроҷ гуфт, ӯ ба зудӣ рӯйхати силоҳҳои лозим барои ҳукуматашро барои тасвиб ба Шӯрои Амният пешниҳод мекунад. Дар миёнаи соли 2014 силоҳбадастон Троблус – пойтахти Либияро ишғол карда, ҳукумати худро рӯи кор оварданд. Парлумони Либия баъди он маҷбур ба кӯчидан ба шарқи кишвар шуд. Заъфи ҳукумати марказӣ ҳамчунин боис шуд, ки ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои тундрави исломӣ қисматҳои мухталифе аз Либияро тасарруф кунанд.

XS
SM
MD
LG