Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми май ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, озими Давлати Кувайт шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як хабари кӯтоҳ дар ин бора иттилоъ дода ва тафсилоти дигаре дар бораи барномаи сафари оқои Раҳмон ироа накардааст.

Дар панҷ моҳи ахир ин савумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс мебошад. Дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ӯ ба Арабистони Саудӣ рафта, дар пайи боздидҳои расмӣ ҳамроҳи ҳамсар ва бархе аз фарзандонаш маносики Ҳаҷҷи умраро низ ба ҷо овард.

Дар нимаи дувуми моҳи март оқои Раҳмон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дидан кард ва дар ҷараёни мулоқотҳояш бо мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои хайрияи ин кишвар умдатан мавзӯъи ҷалби сармоя барои бахшҳои энержӣ, нақлиёт, бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро матраҳ намуд.

XS
SM
MD
LG