Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 27 муҳоҷир аз вилояти Челябинск


Хадамоти приставҳои вилояти Челябински Русия рӯзи 12 май 20 муҳоҷири узбак, 5 нафар аз Тоҷикистон ва якеи дигар аз Озарбойҷонро аз қаламрави Русия берун кардаанд. Як рӯз аз он қабл як шаҳрванди Қазоқистон аз Челябинск ихроҷ шуда буд. Ҳамаи ин муҳоҷирон ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор шуда, додгоҳҳо ҳукми иҷборан берун кардани онҳоро баровардаанд. Аз аввали сол танҳо аз вилояти Челябински Русия 280 муҳоҷири хориҷиро бо ҳукми додгоҳҳо берун кардаанд. Аксари онҳо аз Узбакистон ва Тоҷикистон будаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 26 март шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи вуруд ба марзи Русия маҳрум шудаанд, ба 330 576 нафар расидааст. Ин баробари сеяки ҷамъи муҳоҷирони тоҷикест, ки ҳарсол ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Дар ин ҳафта гузориши "Гражданское содействие", як созмони ҳомии ҳуқуқи Русия нашр шуд, ки мегӯяд, додрасҳои ин кишвар барои судури ҳукми берун кардани як муҳоҷир ҳамагӣ чанд дақиқа сарф мекунанд.

Тафсилоти ин гузориш инҷост:

"Говсуд"-и муҳоҷирон

XS
SM
MD
LG