Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти зери сарпарастии САҲА дар Вена


Дар робита бо низоъи охире, ки дар атрофи Қарабоғи Куҳӣ сар зад, Серж Саргсян, президенти Арманистон ва Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон 16 май зери сарпарастии САҲА дар Вена мулоқот мекунанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Мавҷи Олмон".

"Ин мулоқот омода мешавад. Баррасии танзими Қарабоғи Куҳӣ дар назар аст", - гуфтааст муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин. Ба гуфтаи вай, дар мулоқоти Вена Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро ширкат мекунанд.

Ин се вазири корҳои хориҷӣ ба Вена барои баррасии буҳрони Сурия меоянд. Русия, Фаронса ва ИМА ҳамзамон ҳамраиси гуруҳи Мински САҲА дар масъалаи танзими Қарабоғи Куҳӣ ҳастанд.

Дар изҳороте, ки 12 май ҳамраисони гуруҳи Минск нашр карданд, гуфта шудааст, ки се вазири корҳои хориҷӣ омодаанд дар баргузории мулоқот кумак кунанд. Ҳадафи аслии мулоқот тақвияти режими оташбас ва барқарории эътимод миёни Озарбойҷону Арманистон унвон шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки низоъи Қарабоғи Куҳӣ бо роҳи низомӣ ҳал нахоҳад шуд ва то замоне, ки низоъ идома мекунад, музокирот бе натиҷа хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG