Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи фирори як тоҷик аз боздоштгоҳи Русия


Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербург танҳо як муҳоҷири тоҷик фирор кардааст. Рӯзи 9 май расонаҳои Русия аз фирори се муҳоҷири тоҷик аз ин марказ хабар дода буданд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфт, баъд аз таҳқиқи онҳо мушаххас шудааст, ки ду тани дигар аз фирориён шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Ӯ гуфт, ки “сафорат дар ҳамбастагӣ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо сардори маркази мазкур мулоқот анҷом дод. Дар натиҷа, муайян гардид, ки соати 15-и рӯзи 9 май ду шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон фирор намудаанд.”

Ба қавли Сарвар Бахтӣ, муҳоҷири тоҷик Раҷабов Мавлавӣ Дӯстбоевич буда, ҳамагӣ 20 сол доштааст. Ӯ гуфт, муҳоҷири тоҷик бо ду ҳамроҳи узбакистонияш панҷараи тирезаро бурида, бо ёрии рӯйпуши курпа аз ошёнаи 6 ба поён фаромадаанд. "Айни ҳол аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор барои боздошти фирориён корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад," – гуфт Сарвар Бахтӣ.

XS
SM
MD
LG