Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе боздошти 4 "террорист"-ро тасдиқ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 9 май хабар дод, ки дар як амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияву Тоҷикистон 4 узви созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин афрод “қасди анҷом додани амалҳои терррористиро дар рӯзи 9-уми май - ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва ва инчунин дар шаҳри Душанбе доштанд.» Вазорати дохилаи Тоҷикистон афроди боздоштшударо «Саитов Айбек Салихджанович, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, миллаташ узбек, Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россияро дорад,» ном бурда, гуфтааст, ки аз онҳо ду афтомат ва ду тирдон бо тирҳояш мусодира шудааст. Мақомоти Русия ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки 12 зодаи Осиёи Марказиро дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Ғалаба дастгир кардаанд. Матбуоти Русия яке аз ин боздоштшудаҳоро Айбек Саитов ном бурда буд.

Дар хабари расмии нашршуда дар сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешавад: " Рӯзи 6 майи соли ҷорӣ, ҳаммаслаки онҳо шаҳрванд Менгликулов Достон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ узбек, аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ҳангоми аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон барои содир намудани акти террористӣ омадан, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир гардид. Аз руи нишондоди Менгикулов Д.Х. се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён дастгир карда шуда, инчунин аз ҷои зисти Саитов А.С. дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд."

Бино ба ин манбаъ, дар ҷараёни кофтукоби манзилҳои боздоштшудаҳо "дар ноҳияи Қубодиён як компютер, 6 флешкорт, 30 диск, 10 китоби экстремистӣ, 1 харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 компас, инчунин ду адад мухобира ва ду таппончаи дарсомӯзӣ дарёфт ва мусодира гардид."

XS
SM
MD
LG