Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Афғонистон ҷони 73 нафарро рабуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи бархӯрди як автобуси мусофирбар ва мошини боркаши маводи сӯхт дар шарқи ин кишвар 73 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ин бархӯрд субҳи 8 май дар вулусволии Муқури вилоят Ғазнӣ рух додааст. Ин шоҳроҳ Кобул ва Қандаҳор-ду шаҳри бузурги ин кишварро ба ҳам мепайвандад.

Ҷовид Солангӣ-сухангӯи волии вилояти Ғазнӣ гуфт, даҳҳо нафари дигар аз оташ гирифтани мошинҳо ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ин роҳ то нимарӯзӣ баста буд ва коргарон ба поккории роҳ машғул буданд, то роҳро боз кунанд.

Пулиси вулусволии Муқур мегӯяд, ки онҳо ба сабабҳои ин ҳодисаи маргбори нақлиётӣ расидагӣ мекунанд, вале расидагиҳои аввалия нишон медиҳад, ки сабаби ин ҳодиса бемасъулиятии ронандагон будааст.

Ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Афғонистон ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст, зеро қоидаҳои роҳро камтар риоят мекунанд. Роҳҳо низ хуб нестанд.

XS
SM
MD
LG