Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмак ба иштирокчиёни ҷанги ҷаҳонӣ


Аз ҳисоби Фонди захиравии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар яке аз иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ 2000 сомонӣ дода шудааст.

Раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҳар яке аз иштирокчиёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон ба миқдорӣ 2000 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Ин кӯмакпулии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба 639 нафар иштирокчиён ва маъюбон дода шуд ва маблағи умумии он 1 миллиону 278 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Ғалаба кормандони масъули дастгоҳи президент ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ кӯмаҳои президентро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас кардаанд.

Бар иловаи кӯмакҳо аз Фонди захиравии президент, ба собиқадорони ҷанг аз тарафи раисони вилояту шаҳрҳо ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҷониби раисони ноҳияҳо 500 сомонӣ иловагӣ, тақдим шуд.

Ба ин тартиб дар маҷмӯъ ба ҳамаи 639 иштиркчиён ва маъюбони Ҷанги Ҷаҳонии Дуву ба маблағи 4000 сомонӣ кӯмаки якдафъаина тақдим карда шуд.

XS
SM
MD
LG