Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон аз 5 май Абдусаттор Шоҳиён сардори омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Абдусаттор Шоҳиён дар ин мақом Сафаралӣ Ҷорӯбович Назировро иваз мекунад. Назиров бо қарори дигари ҳукумат аз раҳбарии ин муассисаи таълимии нирӯҳои марзбонӣ озод карда шудааст.

Ҳамин тавр, ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 5 май бо як қарори дигар Абдулмаҷид Мӯбин Мӯминзод муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG